Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маросими нобуд кардани маводи мухаддире, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусора шудааст, баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти АНМН, дар ин чорабинӣ дар қатори роҳбарият ва шахсони масъули Раёсат, прокурори шӯъбаи назорати иҷроиши қонунҳои прокуратураи вилояти Суғд, иҷрочиёни суди шаҳри Хуҷанд ва намояндагони ВАО-и вилоят иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, дар асоси 49 иҷроварақаи мақомоти судӣ маҷмӯан 117 кг 244 грамм намудҳои мухталифи маводи нашъаовар аз ҷумла 81 кг 391 грамм маводи нашъаовари навъи «ҳашиш», 30 кг 66 грамм маводи нашъаовари навъи «героин», 3 кг 880 грамм маводи нашъаовари навъи «афюн» ва 1 кг 905 грамм маводи нашъаовари навъи «бангдона» дар бухории махсус бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст.





