Дар Суғд 117 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд

Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маросими нобуд кардани маводи мухаддире, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусора шудааст, баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти АНМН, дар ин чорабинӣ дар қатори роҳбарият ва шахсони масъули Раёсат, прокурори шӯъбаи назорати иҷроиши қонунҳои прокуратураи вилояти Суғд, иҷрочиёни […]



Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маросими нобуд кардани маводи мухаддире, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусора шудааст, баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти АНМН, дар ин чорабинӣ дар қатори роҳбарият ва шахсони масъули Раёсат, прокурори шӯъбаи назорати иҷроиши қонунҳои прокуратураи вилояти Суғд, иҷрочиёни суди шаҳри Хуҷанд ва намояндагони ВАО-и вилоят иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, дар асоси 49 иҷроварақаи мақомоти судӣ маҷмӯан 117 кг 244 грамм намудҳои мухталифи маводи нашъаовар аз ҷумла 81 кг 391 грамм маводи нашъаовари навъи «ҳашиш», 30 кг 66 грамм маводи нашъаовари навъи «героин», 3 кг 880 грамм маводи нашъаовари навъи «афюн» ва 1 кг 905 грамм маводи нашъаовари навъи «бангдона» дар бухории махсус бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".