Муаррифии маҳсулоти «Группа ГАЗ» дар Душанбе

ASIA-Plus



Дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири нақлиёт  Суҳроб Мирзоев бо намояндагони тиҷоратии Русия ва ширкати «Группа ГАЗ» доир гардид.

 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, дар рафти мулоқот маҳсулот – мошинолоти ширкати мазкурмуаррифӣ шуда, дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ширкати «Группа ГАЗ» ба интиқоли маҳсулоти худ ба ҷумҳурӣ дар сурати зарурат омодагӣ изҳор намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода ба журналистон

иттилоъ дода буд

, ки ин корхона ва ширкати «Группа ГАЗ» ба мувофиқа расидаанд, ки соли равон бевосита корҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба насбу васли техникаи махсуси коммуналӣ дар Душанберо оғоз мекунанд.

Ӯ қайд карда буд, ки асноди дахлдор миёни ҷонибҳо дар ин хусус моҳи июни соли 2015 ба имзо расида, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, арзиши лоиҳа тақрибан 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Оид ба ин масъала бо як бонки Русия, ки бо шартҳои қобили қабул восита пешниҳод карданист, гуфтушунид дорем», – иброз дошта буд номбурда.

Ширкати «Группа ГАЗ» автомобилҳои борбардори сабук ва миёна, автобусҳо, автомобилҳои боркаши вазнин, автомбилҳои сабукрав, агрегатҳои қудратии гуногун ва қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳоро истеҳсол намуда, дар 8 минтақаи Русия 13 корхонаро муттаҳид месозад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...