«Зафар Бедняк» барои 110 ҳазор $ қарз кушта шудааст

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти нави ҳодисаи

кушта шудани Зафар Азимов

, бештар ҳамчун «Зафар Бедняк» маълумот дод. Дар ин куштор Обид Мақсудов, писари директори корхонаи кабели Тоҷикистон Эмом Мақсудов гумонбари асосӣ дониста мешавад.

Рӯзи чоршанбе, 24 феврал Вазорати корҳои дохилӣ тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ гузоршеро намоиш дод, ки дар он доир ба куштори соҳибкор барои қарзи пулӣ маълумот дода шуд.

Дар гузориш зимни баёнот додан Обид Мақсудов изҳор мекунад, ки сабаби куштани З.Азимов дар он аст, ки аз ӯ ба маблағи зиёд қарздор будааст. «Ӯ ба ман 110 ҳазор доллари ИМА қарздор буд. Ман ба ӯ инро фаҳмониданӣ шудам, вале ӯ ба гапҳои ман гӯш надода, ҳатоо ба ман дағалӣ кард. Баъди ин ман дигар худро идора карда натавонистам», – мегӯяд Обид Мақсудов дар гузориш.

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми куштани Зафар Азимов аз қайчӣ ба сифати силоҳи куштан истифода шудааст.

Ҳамчунин ВКД бархилофи маълумоти пешини худ аз 20 феврал дар бораи Обид Мақсудовро рӯзи дигар пас аз ҳодиса ба ихтиёри мақомоти супурдани падараш Эмом Мақсудов қайд кард, ки гумонбаршударо кормандони милитсия боздошт намудаанд.

Ғайр аз ин, ВКД иттилоъ медиҳад, ки пас аз содир намудани ҷиноят Обид Мақсудов дар яке аз манзилҳои зист дар Душанбе пинҳон шуда, ҳангоми боздошт аз ошёнаи дуюм худро ба замин афкандааст, ки дар натиҷа дасту пояш зарбу лат ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...