Ҳамсари Гулмурод Ҳалимов бо 4 кӯдакаш дар Сурия аст

ASIA-Plus



Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники ба Давлати исломӣ фироркарда Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳ бо 4 кӯдакаш ба Сурия рафта, ба сафи аъзои ба ном «Давлати исломӣ» пайвастааст. Дар ин бора имрӯз

Радиои Озодӣ

бо такя ба манбаъи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳад.

Ҳумайро Мирова то соли 2015 дар дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, замони раҳбарии писари президент Рустами Эмомалӣ ба ин ниҳод кор карда, рутбаи капитанӣдоштааст.

Аввали соли 2015 ӯ барои таваллуди фарзанд ба рухсатӣ баромада, писар ба дунё овардааст. Ҳарҷанд қаблан алоқааш бо Гулмурод Ҳалимовро, замони сардори Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД будани ӯ пинҳон намедошт, аммо аллакай баъди фирори полковник ба Сурия, дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» алоқа доштанаш бо Гулмурод Ҳалимовро рад карда буд. Айни замон телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-ӯ дастрас нест.

Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки санаи пайвастани Ҳумайро Мирова ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва мақсади озими ба ин кишвари ҷанзада шуданаш ҳам маълум нест, вале санҷишҳо нишон додааст, ки ҳоло ӯ дар Сурия қарор дорад.

Ҳумайро Мирова соли 2008 дар маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда, дар ҳамин ҷо бо Гулмурод Ҳалимов, ки дар Дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД ҶТ кор мекард, шинос мешавад. Сипас бо ӯ издивоҷ намуда, ҳамсари дуюм мешавад ва аз ӯ 4 фарзанд таваллуд мекунад.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд.

Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...