КМО Владимир Ғуломҳайдаровро бо 70-солагиаш табрик кард

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ) футболбози маъруфи замони шӯравӣ Владимир Ғуломҳайдаровро бо ҷашни 70-солагиаш табрик кард. «70-солагии Владимир Ғуломҳайдаров ҷашни суруру шодмонии ёру дӯстон, ҳамкасбон ва мухлисони футболи тоҷик аст. Соҷибҷашнро бо зодрӯзаш самимона табрику таҳният гуфта, барояш тансиҳативу хушбахтӣ, рӯзгори босаодат ва пирӯзиву комёбӣ орзу менамоем», – омадааст дар табрикоти Кумита. Дар маводи […]



Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ) футболбози маъруфи замони шӯравӣ Владимир Ғуломҳайдаровро бо ҷашни 70-солагиаш табрик кард.

«70-солагии Владимир Ғуломҳайдаров ҷашни суруру шодмонии ёру дӯстон, ҳамкасбон ва мухлисони футболи тоҷик аст. Соҷибҷашнро бо зодрӯзаш самимона табрику таҳният гуфта, барояш тансиҳативу хушбахтӣ, рӯзгори босаодат ва пирӯзиву комёбӣ орзу менамоем», – омадааст дар табрикоти Кумита.

Дар

маводи интишоршудаи КМО Тоҷикистон

ба ин муносибат қайд мешавад, ки футболбози машҳур ва мураббии варзидаи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров, ки 26-уми феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст, аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри XX маҳсуб мешавад. Ӯ нимҳимоятгари моҳир буд ва мухлисонро бо ҳунари волою техникаи олии бозиаш мафтун мекард.

Шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Ду сол (1969-1970) шарафи дастаи машҳури «Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, соли 1967 дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.

Тӯли  40 сол Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол фаъолият кардааст. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии «Гузариш» («Переправа») мақоми аввалро ишғол карда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» сарфароз гаштааст.

Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав солҳои 1980-1983 дар дастаи «Помир» аввал мураббӣ, баъдан сармураббӣ буд. Сипас ӯ тӯли ҳашт сол дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чанд муддат сармураббии «Помир», дастаҳои мунтахаби миллию олимпии кишвар ва тими «Саддам»-и Сарбанд буд.

Владимир Ғуломҳайдаров 20 сол инҷониб дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад. Вай нахуст сармураббии дастаи “Батир” (Экибастуз) буд. Баъдан ба ҳайси мураббӣ, мураббии калон, сармураббӣ, мураббии мушовир дар дастаҳои «Ғайрат» (Алматӣ), “Тараз” (Ҷамбул) , “Жетису” (Талдиқӯрғон), “Мегаспорт” (Алматӣ), “Локомотив” (Остона) ва “Сункар” (Каскелен) кор кардааст. Феълан нафақахӯр аст. Оиладор, соҳиби ду духтару ду набера мебошад.

Қобили зикр аст, ки сар аз соли 2013 моҳиавгуст дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаи футболбози машҳури тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров баргузор мешавад, ки ӯ ҳамеша ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат меварзад. Мусобиқаи имсола, ки моҳи август барпо мегардад, ба ҷашни 70-солагии ин устоди бузурги тӯби чармин бахшида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.