Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба манфиати бунёди боғҳои мевагии содиротӣ ба масъулини соҳаи кишоварзӣ супориш дод, ки содироти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон ба Федератсияи Русия худи ҳамин сол 1,5 баробар ва то соли оянда 3 баробар афзун карда шавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки “имрӯз муҳимтарин шарики стратегии мо – Федератсияи Русия ба афзун гардидани воридоти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон манфиатдор аст ва ин ба манфиати мо низ ҳаст”.
Сарвари давлат қайд кард, ки ҳоло олимону мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ва ҳам соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Федератсия Русия, пеш аз ҳама аз канораи Краснодари ин кишвари паҳновар ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаанд.
Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, заминаи зарурӣ барои афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва содироти он ба хориҷи кишвар муҳайё аст, зеро тайи солҳои охир бо амалӣ намудани чанд барномаи давлатӣ дар майдони беш аз 75 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфт.
«Ғайр аз ин, дар доираи татбиқи барномаи нави ин соҳа, ки барои солҳои 2016-2020 қабул шуд, дар майдони беш аз 20 ҳазор гектари дигар боғу токзори нав бунёд меёбанд. Дар аксари ин боғу токзор ниҳолҳои навъҳои содиротӣ, ки меваи онҳо дар хориҷи кишвар харидорони бешумор доранд, парвариш меёбанд», – иброз дошт президент.
Ба гуфтаи сарвари давлат, ҳамин гуна нақшаҳои калонмиқёс дар бахши сабзавоткорӣ, аз ҷумла парвариши сабзавоти барвақтӣ, амалӣ мешаванд. «Ин аст, ки имсол танҳо пиёзи барвақтӣ бояд дар ҳаҷми беш аз 200 ҳазор тонна аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия содир карда шавад». – афзуд Эмомалӣ Раҳмон.





