Гирдиҳамоии ҷавонон назди дафтари кории САҲА дар Хуҷанд (Аксҳо)

Назди бинои дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо ҷавонон ба нишони эътироз гирдиҳам омаданд. Аксҳои гирдиҳамоиро иштирокчиёни он дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуданд. Ҷавонон, ки аз рӯи шиору овезаҳояшон мансубияташон ба «ҷавонони Созандагони Ватан» аён буд, ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани «хоинон»-и ватан аз ҳисоби ҷонибдорони ҳизби ҳоло мамнӯъи наҳзати исломии […]



Назди бинои дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо ҷавонон ба нишони эътироз гирдиҳам омаданд. Аксҳои гирдиҳамоиро иштирокчиёни он дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуданд.

Ҷавонон, ки аз рӯи шиору овезаҳояшон мансубияташон ба «ҷавонони Созандагони Ватан» аён буд, ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани «хоинон»-и ватан аз ҳисоби ҷонибдорони ҳизби ҳоло мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон ва «Гурӯҳи 24»-ро талаб доштанд.


Дар шиорҳо ҳамчунин даъватҳое ҷой доштанд, ки аллакай ду маротиба дар


гирдиҳамойии


назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ва сафорати Туркия рӯзи 22 феврал садо дода буданд.


Қобили зикр аст, ки ду рӯз баъди баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар муқобили намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, ин ниҳод

изҳороте пахш кард

ва гуфт, ки ин корпуси дипломатӣ дар таъмини амнияташ ба ҳукумати Тоҷикистон умед мебандад.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» расман амал мнекунад, ки ҷиноҳи ҷавонони ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. ТҶ «Созандагони Ватан» соли 2011 дар Душанбе таъсис дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.