Президент қарор оид ба таъсиси Донишгоҳи тиббӣ дар Данғараро ба имзо расонид

Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 феврал қарор дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии  «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро ба имзо расонид. Дар қарори ҳукумат , ки дар сомонаи расмии сарвари давлат интишор шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо […]



Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 феврал қарор дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии 



«Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро ба имзо расонид.

Дар

қарори ҳукумат

, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат интишор шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ қабул шудааст.

Дар қарор Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳалли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии МД «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» вазифадор карда мешавад.

Тибқи қарори ҳукумат, бино ва иншооти МД «Донишгоҳи давлатии Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов-3, ба тавозуни МД «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронида мешавад.

Дар

шарҳи ин қарори ҳукумат

, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат интишор шудааст, зикр мегардад, ки таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба хусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолияш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад.

Гуфта мешавад, бино ба  маълумоти оморӣ, ҳар сол Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро қариб 1200 нафар мутахассис хатм мекунанд. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад.

Зимнан зикр мегардад, ки гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5% афзоиш ёфта, аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафари аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки ин хеле каму нокифоя аст.

«Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”-ро дар ин сераҳолитарин вилояти ҷумҳурӣ таъсис диҳад», – омадааст дар шарҳи қарор.

Хотиррасон мешавад, ки заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” муайяну омода шудааст ва худи ҳамин сол ин муассиса ба қабули донишҷӯён шуруъ хоҳад кард.

Бо фармони худ аз 25 феврал, президенти мамлакат Қурбон Убайдулло Абдуллоро бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда, ӯро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъин кард. Ректори нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ таъин шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.