Раисони ноҳияҳои Ҷомӣ ва Спитамен иваз шуданд

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврал Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари президент Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин карда шуд. Ҳамчунин […]



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврал Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари президент Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Ҳамчунин тибқи фармонҳои президенти мамлакат, Хоҷазода Ориф Ашурӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод ва акнун собиқ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сулаймонзода Акрам Раҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.