Таваҷҷуҳи Фонди Саудӣ ба таъмиру роҳу пулҳо дар ВМКБ

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 25 феврал бо намояндагони Фонди  Саудии Рушд Абдуллоҳ ал-Ҳувайтер ва Сулаймон ал-Ветайд дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот вазир ба намояндагони Фонд барои дастгирӣ ба амалисозии як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ҷонибҳо ҳамчунин масоили шартҳои пешниҳоди воситаҳои пулӣ ва […]

ASIA-Plus



Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 25 феврал бо намояндагони Фонди  Саудии Рушд Абдуллоҳ ал-Ҳувайтер ва Сулаймон ал-Ветайд дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот вазир ба намояндагони Фонд барои дастгирӣ ба амалисозии як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ҷонибҳо ҳамчунин масоили шартҳои пешниҳоди воситаҳои пулӣ ва дигар масоили мавриди таваҷчуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, зимни мулоқот бо муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев намояндагони Фонд изҳор доштаанд, ки аз ҷониби онҳо масъалаи маблағгузорӣ ба барқарор кардани роҳу пулҳо дар ВМКБ, ки аз офатаҳои табиии соли гузашта осеб диданд, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар мулоқот лоиҳаҳои афзалиятноки комплекси нақлиёт, ки аз ҷониби Вазорат коркард шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки Фонди Саудии рушд амалисозии як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар самти рушди зербинои нақлиёт дар кишвар, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Қалъаи Хумбро маблағгузорӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова