БМТ эҳтирому арҷи бештар ба сомониро таблиғ мекунад

ASIA-Plus



Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аҳолиро ба эҳтирому арҷи бештар гузоштан ба арзи миллӣ – сомонӣ даъват мекунад.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти БМТ, муовини раиси Бонки миллӣ Сироҷиддин Икромов аз кормандони бонк даъват намудааст, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд.

«Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст, – изҳор намудааст ӯ.

Қаблан раҳбарияти БМТ изҳор дошта буд, ки барои таъмини мақоми шоистаи пули миллӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилот ва пардохт дар қаламрави Тоҷикистон тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки чунин иқдомҳо ба устувор шудани мақоми арзи миллии ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...