БМТ эҳтирому арҷи бештар ба сомониро таблиғ мекунад

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аҳолиро ба эҳтирому арҷи бештар гузоштан ба арзи миллӣ – сомонӣ даъват мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, муовини раиси Бонки миллӣ Сироҷиддин Икромов аз кормандони бонк даъват намудааст, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар […]



Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аҳолиро ба эҳтирому арҷи бештар гузоштан ба арзи миллӣ – сомонӣ даъват мекунад.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти БМТ, муовини раиси Бонки миллӣ Сироҷиддин Икромов аз кормандони бонк даъват намудааст, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд.

«Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст, – изҳор намудааст ӯ.

Қаблан раҳбарияти БМТ изҳор дошта буд, ки барои таъмини мақоми шоистаи пули миллӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилот ва пардохт дар қаламрави Тоҷикистон тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки чунин иқдомҳо ба устувор шудани мақоми арзи миллии ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.