«Ҳамсояҳои нек» ба Э.Раҳмон назорати интернетро тавсия медиҳанд

ASIA-Plus



Ташкилоти авруосиёии амнияти кибернетикӣ (ОЕКБ) ба сарони кишварҳои Авруосиё тавсия медиҳад, ки интернет-трафикро тахти назорат гиранд.


Муроҷиатномаи

интишоршуда дар сомонаи расмии ин ташкилот ба унвони сарони кишварҳои Русия – Владимир Путин, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Озарбойҷон – Илҳом Алиев, Беларус – Александр Лукашенко, Арманистон – Серж Саргсян, Ӯзбекистон – Ислом Каримов, Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Молдова – Николай Тимофти ва Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шудааст.

«Дафтари федералии тафтишот (ФБР) ба маълумоти молиявӣ ва маълумот дар бораи солимии корбар дастрасӣ пайдо карда метавонад ва ҳамчунин макони будубоши ӯро пайгирӣ намуда, ҳатто ба микрофон ва камераи телефон ҳам дастрас буда метавонад», – омадааст дар муроҷиатнома.

«Дар ин робита, – зикр мегардад дар он. – Ҳамоҳангсозии амалҳои кишварҳои авруосиёӣ дар паҳнои ИДМ ва сиёсати ҳамгиройишудаи онҳо нисбати ширкатҳои бузурги IT ба мисли Apple, Google, Facebook, Twitter,Samsung ва ғайра аз ҳарвақта дида хеле муҳим аст».

Аз сарони кишварҳои авруосиёӣ даъват карда мешавад, ки бо пайравӣ ба Русия қонуне қабул кунанд, ки ширкатҳои хориҷиро, ки аз ҷумла ба сервисҳои почтавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷустуҷӯ моликанд, уҳдадор намояд, ки маълумоти шахсиро ба таври истисноӣ дар серверҳои миллӣ ҳифз намоянд.

Зикр мегардад, ки ҳама гуна маълумот дар бораи шаҳрвандони кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ бояд мавриди назорати қонун қарор гиранд. «Дар сурати саркашӣ аз иҷрои ин қонунҳо, бояд чораҷӯӣ, то қатъи фаъолияти сомона ва сервисҳо сурат гирад. Бо ҳифзи маълумот ширкатҳо уҳдадоранд, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳукумати кишварҳо, ин маълумотҳоро ба онҳо пешниҳод кунанд», – таъкид мешавад дар муроҷиатнома.

Ба андешаи коршиносони ташкилот, ҳамчунин тадбирҳои тақвияти сатҳи эътимоднокии зербинои IT (бо намунаи мисол аз қазияи моҳи ноябри соли 2015 бо ширкати монополисти Delta Telecom-и Озарбойҷон), гуногун будани таҳвилгарони миллии хизматгузориҳои IT, таҳияи механизмҳои эҳтиётӣ барои ҳолатҳои ғайримунтазира, тақвияти назорат аз болои ширкатҳои хориҷии телекоммуникатсионӣ, таъсиси каналҳо ва шабакаҳои захиравии авруосиёӣ ҷиҳати бехатарии шабака низ аз ҷумла вазифаҳои муҳим дар ин самт маҳсуб меёбанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...