Сарҷарроҳи беморхонаи Қушӯнҳои сарҳадӣ бо пора дастгир шуд

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сардори шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Қаҳҳор Сатторовро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор сомонӣ дастгир карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, боздоштшуда барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани хешписараш аз як шаҳрванд маблағи 4 ҳазор доллари амрикоӣ […]



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сардори шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Қаҳҳор Сатторовро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор сомонӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, боздоштшуда барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани хешписараш аз як шаҳрванд маблағи 4 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, аз ин маблағи талабнамудааш  моҳи ноябри соли гузашта 2 ҳазор доллари амрикоиро пешакӣ гирифта, боз оварда додани маблағи 2 ҳазор доллари амрикоии боқимондаро бо қурби пули миллӣ – 16 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

Гуфта мешавад, Қаҳҳор Сатторов ҳангоми гирифтани боқимонда маблағи 16 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ дастгир ва маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Сатторов Қаҳҳор Ғаффорович бо моддаи 319 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.