Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 март, қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз таври маъмулӣ бо аҳли зиёи кишвар ҳамасола вохӯрда, мулоқот мекунад ва имсол ин вохӯрӣ дар Кохи Борбад баргузор мешавад.
Ҳадаф аз мулоқоти сарвари давлат бо аҳли зиёиён баррасии мушкилоти рӯзмарраву муҳим, пешниҳодҳои тоза, фаъолият дар бахши илму фарҳанг ва адабиёт унвон мешавад, вале таҷриба нишон медиҳад ва ВАО ҳам дар ин хусус борҳо навиштанд, ки дар вохӯрии президент бо намояндагони зиёиён пешниҳоди созанда қариб садо намедиҳанд.
Ба вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон имсол иштирокчиёни Ҳамоиши байнулмилалии адибони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз низ даъват шудаанд, ки аз 18 то 24 март дар Душанбе доир мегардад. Аз иштироки 60 нафар шоирон аз 20 кишвари ҷаҳон дар ин Ҳамоиш интизорӣ рафта, онҳо аз шаҳрҳои бузургу таърихӣ боздид ва бо мардум суҳбату вохӯриҳо баргузор мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки шоираи тоҷик Гулрухсор Сафиева 19 марти соли гузашта зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон бо намояндлагони зиёиён аз робитаи ногусастании назми тоҷик бо иди Наврӯзи қадимӣ ёдовар шуда, пешниҳод намуда буд, ки ҳамасола лдар Тоҷикистон Ҳамоиши байнулмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз гузаронида шавад.



