ВКД ВАО-ро ба такя танҳо ба сарчашмаҳои расмии маълумот даъват мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти чанде аз ВАО дар бораи гӯё бе асос дастгир намудани сокинони шаҳри Роғунро аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дар ин замина ҷамъшавии пайвандону наздикони онҳоро дар назди  ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ беасос унвон мекунад. Дар маълумоти дар ин робита нашршуда дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон зикр мегардад, ки ин […]



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

маълумоти

чанде аз ВАО дар бораи гӯё бе асос дастгир намудани сокинони шаҳри Роғунро аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дар ин замина ҷамъшавии пайвандону наздикони онҳоро дар назди  ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ беасос унвон мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита нашршуда дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон зикр мегардад, ки ин гуна хабарҳо ягон асоси воқеӣ надоранд, чунки бе нишон додани сарчашмаи иттилоотӣ паҳн шуда ва умуман бе сарчашмаи асоснок паҳн намудани ахборот аз тарафи воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир қобили қабул нест ва мардуми Тоҷикистон аз ин бархурдоранд.

Қайд мешавад, ки чанде аз сокинони шаҳри Роғун (ва нафақат аз ин шаҳр) барои шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ дастгир ва баъзе шахсон барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ даъват карда шудаанд.

Гуфта мешавад, касе аз пайвандону наздикони онҳо дар назди ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ

ҷамъ наомадаанд

ва қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷамъшавии ғайриқонуниро манъ намудааст, ки инро мардум медонанд.

«Бояд тазаккур дод, ки ин ҳама чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона гаштааст», – таъкид мешавад дар маълумот.



(Ин сурат аз ҷониби хабарнигори «Азия-Плюс» нимаи дуюми рӯзи 9 март назди бинои ШВКД ноҳияи Фирдавсии пойтахт аксбардорӣ шудааст). 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.