Сафарбарии техникаи зиреҳпӯши зиёд ва авиатсия дар размоишҳои Тоҷикистону Русия

ASIA-Plus



– Ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд, – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, омодагӣ ба размоиш чанде қабл, 9 март дар тамрингоҳҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» оғоз гардид.

«Бори нахуст дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар баргузории размоишҳо ба ҷуз афсарону сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, дар он нерӯҳои иловагӣ ва воситаҳои Ҳавзаи низомии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар низ иштирок мекунанд, ки аллакай ба макони баргузории размоиш омаданд». – гуфт ӯ.

Размоиш бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши Тоҷикистон ва 2 ҳазор нафар афсарону сарбозони Русия баргузор мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки машқҳо дар доираи иҷрои Амри президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалалҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақшаи ташкили мудофиаи қаламрав» гузаронида мешаванд.

Машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...