Гузоришгари СММ баргузории раъйпурсиро тавсия надод

Девид Кэй, гузоришгари махсуси СММ оид ба озодии андеша ва баён ба ҳукуматдорони Тоҷикистон тавсия дод, ки раъйпурсиро дар моҳи май баргузор накунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, омодагӣ ба он бидуни муколама ва баррасиҳои зарурӣ сурат мегирад. Аз рӯи натиҷаҳои сафари худ ба Душанбе Девид Кэй зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда […]

ASIA-Plus



Девид Кэй, гузоришгари махсуси СММ оид ба озодии андеша ва баён ба ҳукуматдорони Тоҷикистон тавсия дод, ки раъйпурсиро дар моҳи май баргузор накунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, омодагӣ ба он бидуни муколама ва баррасиҳои зарурӣ сурат мегирад.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари худ ба Душанбе Девид Кэй зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия ба мушкилоти зиёд боис мегарданд. «Онҳо муколама ва танқидро маҳдуд месозанд, зеро он чун интиқоди президент қабул мешавад. Ҳамаи тағйирот ба Конститутсия дар навбати аввал ба сарвари давлат дахл доранд», – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳодисахои фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар расида, қариб амалан мухолифнони сиёсӣ вуҷуд надоранд. «Ҳамаи ин боиси нигаронист ва бинобар ин, бо итминон наметавонем бигӯем, ки раъйпурсӣ озодона доир мегардад. Аз ин рӯ мо тавсия медиҳем, ки ё раъйпурсӣ гузаронида нашавад ва ё ба баррасиву муколамаи кушоди тағйироти пешниҳодшуда роҳ дода шавад», – қайд кард номбурда.

Девид Кэй ҳамчунин доир ба зарурати озод кардани аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ, нигаронӣ оид ба пушти дарҳои пӯшида гузаштани мурофиаи судии онҳо, дақиқан баҳо додану муайян кардани мафҳуми терроризму ифротароӣ ва нисбат додани амалҳо ба он, хотима бахшидан ба таъқиби аъзои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24», шахсони афкори дигардошта нисбати мавқеи ҳукумат,  озод кардани ҳамаи шахсоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт шудаанд, таъмини ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба дастрасӣ ба маълумот дар бораи масоили муҳиму ҷиддӣ, ҳамчунин хотима бахшидан ба фишор болои журналистон нисбати маҷбур кардани онҳо ба худдорӣ аз инъикоси масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа, бахусус масоили марбут ба вазъи сиёсӣ ва ғайра изҳори назар кард.

Гузоришгари СММ иброз дошт, ки Конститутсия ва қонунгузории кишвар ҳимояи пурраи ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат медиҳад, лекин тайи ним соли ахир вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври назаррас бад шудааст.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин торнамоҳои агентиҳои иттилоотӣ қатъ шудааст, ки ин маънои маҳдуд кардани дастрасӣ ба маълумотро дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.