Бонки Эсхата хизматрасонии нави Агролизингро ҷорӣ намуд

Иттилоияи расмӣ



Бонки Эсхата хизматрасонии нав Агролизингро ҷорӣ намуд, ки ба туфайли он хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд техника ё тачҳизоти зарурии хоҷагии қишлоқро бо шартҳои осон дастрас созанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии бонк, Агролизинг ба шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ, ки бо рушди хоҷагии қишлоқ машғул ҳастанд, пешниҳод мегардад.

Мизоҷ техникаи зарурӣ ва таҷҳизотро интихоб мекунад, бо таҳвилкунанда ба созиш меояд,  баъди он ба бонк барои қабули қарз муроҷиат мекунад.

Бонк аризаи мизоҷро қабул карда, фаъолият ва пардохтпазирии ӯро таҳлил мекунад, дар натиҷа шартномаи сетарафа байни бонк, мизоҷ ва таҳвилкунанда баста мешавад.

Дар чаҳорчӯбаи Агролизинг қарз дар ҳаҷми аз 100 то 50 000 доллари ИМА мутаносибат бо пули миллӣ ба мӯҳлати то 60 моҳ ҳангоми хариди техникаи хоҷагии қишлоқ ва то 36 моҳ ҳангоми хариди таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ пешниҳод мегардад.

Маблағи қарзӣ ҳам бо асъори миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ дода шуда, аз рӯи дархости мизоҷ давраи имтиёзӣ низ пешниҳод мегардад.

Бояд қайд намуд, ки хизматрасонии мазкур мутобиқ ба талаботи мизоҷон ба техника ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ коркард шудааст.  Ин талаботҳо дар натиҷаи вохӯриҳои мизоҷон, ки мунтазам аз ҷониби намояндагони Бонк дар ҷамоатҳо гузаронида мешавад, маълум карда шуданд.

Акнун деҳқонон дастрасии бештар ба маблағҳои бонкӣ бо роҳи агролизинг ва маблағгузорӣ барои хариди таҷҳизоту техникаи хоҷагии қишлоқ пайдо намуданд.

Фаъолияти самти қарзҳои аграрӣ барои мусоидат дар беҳтарсозии соҳаи аграрӣ ва дастгирии заминдорон дар Тоҷикистон равона карда шудааст.

Бонки Эсхата дар оянда низ дар ин самт фаъолияти пурсамари худро баҳри рушди хоҷагии қишлоқ идома хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...