Раиси шаҳри Хуҷанд: ВАО минбари омма аст

Дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода Иди матбуот таҷлил гардид, ки дар он собиқадорони соҳа, журналистону хабарнигорон, роҳбарони воситаи ахбори оммаи шаҳру вилоят ва намояндагии расонаҳои марказӣ ширкат варзиданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва тамоми кормандони расонаҳои иттилоотиро бо ин санаи неки касбӣ […]



Дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода Иди матбуот таҷлил гардид, ки дар он собиқадорони соҳа, журналистону хабарнигорон, роҳбарони воситаи ахбори оммаи шаҳру вилоят ва намояндагии расонаҳои марказӣ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва тамоми кормандони расонаҳои иттилоотиро бо ин санаи неки касбӣ табрик намуда, саҳми эҷодкорон ва журналистонро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муҳим ва назаррас баҳогузорӣ намуд.

«Яке аз ин рукнҳои муҳими устувории давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлолмамон ин арзи ҳастӣ намудани расонаҳои гуногуни иттилоотӣ буда, изҳори назару андешаҳои бунёдкорона ва созанда тариқи ин минбари омма аст», – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони ин чорабинӣ доир ба нақшаю дурнамои ҳукумати шаҳр ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ сӯҳбат намуд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба наздики 60 нафар журналистон ва кормандони воситаи ахбори омма тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Аз номи журналистон ва иштирокдорони ин чорабинии идона мухбири махсуси газетаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ барои таваҷҷӯҳу қадрдонӣ ба давлату ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.