Обама доир ба муносибатҳояш бо Путин ҳикоят кард

Президенти ИМА дар мусоҳиба ба нашрияи амрикоии Atlantic доир ба таассуроташ аз вохӯриҳо бо президенти Русия Владимир путин ҳикоят карда, изҳор дошт, ки Путин ӯро маҷбур намекунад, ки ду соат интизор бошадва кӯшиш мекунад, ки худро шарик нишон диҳад, зеро ӯ «на он қадр нодону соддалавҳ (he’s not completely stupid) аст. Дар ин бора РБК […]

ASIA-Plus



Президенти ИМА дар мусоҳиба ба нашрияи амрикоии Atlantic доир ба таассуроташ аз вохӯриҳо бо президенти Русия Владимир путин ҳикоят карда, изҳор дошт, ки Путин ӯро маҷбур намекунад, ки ду соат интизор бошадва кӯшиш мекунад, ки худро шарик нишон диҳад, зеро ӯ «на он қадр нодону соддалавҳ (he’s not completely stupid) аст. Дар ин бора

РБК

иттилоъ медиҳад.

Зимни суҳбат бо журналист Ҷефри Голдберг президенти ИМА оид ба он, ки Путин хашмгину дағал аст, розӣ нашуда, қайд кардааст, ки «дар ҳамаи вохӯриҳо Путин хушмуомилаву боадаб ва ҳамсуҳбати хеле ошкору самимӣ аст». «Ӯ ҳеҷ гоҳ маро ба ду соат интизор шудани маҷбур накардааст, ҳарчанд бо чандин касон ӯ ба чунин рафтор роҳ додааст», – иброз доштааст Барак Обама.

Сарфи назар аз муносбатҳои начандон хуб миёни кишварҳо, президенти ИМА сифатҳои шахсии Путинро мавриди интиқод қарор надода, эътироф намудааст, ки гуфтушунидҳои дуҷонибаи онҳо ҳамеша дар ҳолати корӣ доир мегарданд.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Путин муносибатҳо миёни Русия ва ИМА-ро хеле муҳим медонад, ҳарчанд дар Амрико бар дигар назаранд. «Ӯ ҳамеша ба кор бо мо таваҷчуҳ дорад, то ки худро шарики мо зоҳир созад», – илова кардааст Обама.

Ба гуфтаи Обама, Путин дарк мекунад, ки айни замон Русия мавқеҳои худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад ва «ин далел, ки ӯ Қримро ғасб карду ё ба Башор Асад кумак карданист, ӯро ногаҳон бозигар намекунад». «Шумо дар ҳеҷ кадом вохӯриии муҳиме, ки рӯзнома таҳия мешавад, ӯро намебинед», – қайд кардааст Обама.

Сарвари давлати ИМА ҳамчунин гуфтааст, ҳарчанд новобаста ба амалҳои Вашингтон, таҳдиди ҳамлаи низомӣ аз Русия ба Украина ҳамеша вуҷуд дошта бошад ҳам, ИМА ба оғози ҷанги бузургмиқёс барои Украина омода нестанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат