Президент аз 10 сафир эътимоднома қабул мекунад

ASIA-Plus



Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 март маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъини ҳашт давлати хориҷӣ ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус

Олег Иванов

, Шоҳигарии Шветсия

Ингрид Терсман

, Маҷористон

Андраш Барани

, Ҷумҳурии Юнон

Данаи-Магдалина Куманаку

, Ҷумҳурии Ирландия

Эдриан Макдэйд

, Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

Клаудио Раҷа Габаглия Линс

, Бруней-Доруссалом

Ҳоҷӣ Маҳади Майдин

ва Сафири Ҷумҳурии Того

Оуро Сама Муҳаммад Сад

супориданд.

Гуфта мешавад, пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Низомиддин Зоҳидӣ  бо сафирони навтаъин доир гардида, зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин муовини якуми вазир сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, нимаи дуюми имрӯз ҳамаи сафирони тозатаъини дар боло зикршуда эътимодномаҳои худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон месупоранд.

Ба ҳашт нафар сафирони зикршуда ҳамчунин сафирони навтаъини ИМА дар тоҷикистон

Элизабет Инга Миллард

ва Туркманистон дар Тоҷикистон

Чорӣ Отаев

низ ҳамроҳ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...