Президент аз 10 сафир эътимоднома қабул мекунад

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 март маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъини ҳашт давлати хориҷӣ ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Олег Иванов , Шоҳигарии Шветсия Ингрид Терсман , Маҷористон […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 март маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъини ҳашт давлати хориҷӣ ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус

Олег Иванов

, Шоҳигарии Шветсия

Ингрид Терсман

, Маҷористон

Андраш Барани

, Ҷумҳурии Юнон

Данаи-Магдалина Куманаку

, Ҷумҳурии Ирландия

Эдриан Макдэйд

, Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

Клаудио Раҷа Габаглия Линс

, Бруней-Доруссалом

Ҳоҷӣ Маҳади Майдин

ва Сафири Ҷумҳурии Того

Оуро Сама Муҳаммад Сад

супориданд.

Гуфта мешавад, пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Низомиддин Зоҳидӣ  бо сафирони навтаъин доир гардида, зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин муовини якуми вазир сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, нимаи дуюми имрӯз ҳамаи сафирони тозатаъини дар боло зикршуда эътимодномаҳои худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон месупоранд.

Ба ҳашт нафар сафирони зикршуда ҳамчунин сафирони навтаъини ИМА дар тоҷикистон

Элизабет Инга Миллард

ва Туркманистон дар Тоҷикистон

Чорӣ Отаев

низ ҳамроҳ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат