Дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар шаҳри Ню-Йорк 9 марти соли 2016 маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳаити баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ҳаити Намояндаи кишвари мазкур дар СММ Денис Регис ба имзо расониданд.
Пойтахти Ҳаити шаҳри Порт-о-Пренс мебошад. Майдони умумии қаламрави кишвар – ҳудуди 76,48 ҳазор метри мураббаъ буда, шумори аҳолиаш 10 млн. нафарро ташкил медиҳад (маълумоти соли 2009). Наздики 1 млн. нафар аҳолии ин давлат дар хориҷи кишвар, асосан дар ИМА зиндагӣ мекунанд.



