Амалисозии 6 лоиҳаи Ҷопон дар доираи GGP дар Тоҷикистон

Дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки 6 лоиҳаи навин дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) баргузор гардид. Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ иттилоъ доданд, созишномаҳои мазкур аз тарафи Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши КАМАДА ва намояндагони […]



Дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки 6 лоиҳаи навин дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) баргузор гардид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ иттилоъ доданд, созишномаҳои мазкур аз тарафи Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши КАМАДА ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 535, 331доллари ИМА ро ташкил медиҳад.

Дар чаҳорчӯбаи GGP 6 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешаванд, минчумла:

– «Лоиҳаи сохтмони бинои мактаб дар деҳаи навбунёди “Халқарф”, ҷамоати “Навдӣ”-и ноҳияи Рашт» бо ҷ-би Каноатшо ЛОИҚОВ, раиси ноҳияи Рашт,  ба маблағи 88,110 доллари ИМА ба имзо расид.

– «Лоиҳаи таъмири бинои шӯъбаи корхонаи давлатии Протезӣ-Ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хучанд» бо ҷ-би Ҳошим ҚОСИМОВ, директори филиали корхонаи давлатии протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хучанд, ба маблағи 83,975 доллари ИМА тасвиб гардид.

– «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №15 дар деҳаи “Угук”-и ҷамоати ба номи Исмоили Сомонӣи ноҳияи Деваштич», бо ҷ-би Рустам ҶУРАЕВ, раиси ноҳияи Деваштич, ба маблағи 103,199 доллари ИМА имзо шуд.

– «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои шӯъбаи Педиатрии Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо дар Тоҷикистон», бо ҷ-би Зафар ШАРИФОВ, директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил, ба маблағи  87,454 доллари ИМА тасвиб гардид.

– «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагии мактаби №55 дар деҳаи “Сайёд”-и ҷамоати “Вахиё”-и ноҳияи Сангвор», бо ҷ-би Ҳиммат ҒАЙРАТ, раиси ноҳияи Сангвор, ба маблағи 88,781 доллари ИМА тасвиб гардид.

– «Лоиҳаи барқаркунии бинои мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Вахш» бо ҷ-би Шарбатулло АЗИЗУЛЛО, раиси ноҳияи Вахш, ба маблағи 83,812 доллари ИМА тасвиб гардид.

Дар маросими мазкур ҷ-би Такаши КАМАДА ба намояндагони мақомоти пазирандаи кумакхо бомуваффақият амалӣ намудани лоиҳаҳоро таманно намуд. Дар баробари таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Япония, ҷ-би КАМАДА азмии қатъии Ҷопонро бобати дастгирии мардуми Тоҷикистон қайд намуда таъкид сохт, ки   на танҳо аз нуқтаи назари амният, балки татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ-иктисодӣ дар рушди ҷамоатҳои деҳот саҳми назаррас хоҳанд гузошт. Мақомоти пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, изҳори сипос ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.