Тоҷикистон 6 зина кишвари «хушбахттар» шуд

ASIA-Plus



Дар раддабандии ҳамасолаи кишварҳои хушбахти дунё (


World Happiness Report


) Тоҷикистон дар мақоми 100-ум ҷой гирифтааст. Соли 2015 Тоҷикистон дар зинаи 106-уми ин рейтинг қарор дошт.

Рейтинг аз ҷониби коршиносони Шабакаҳо ҳамчун тавсия зимни қабули қарор дар соҳаи рушди устувор барои СММ таҳия шудааст.

Чандин сол аст, ки Дания пешсафи ин раддабандӣ буда, ҳамроҳи он Швейтсария, Исландия, Норвегия, Финландия, Канада, Нидерланд, Зеландияи Нав, Австралия ва Шветсия ба 10-гонаи кишварҳои хушбахттарини дунё шомиланд.

Дар ин рейтинг ИМА дар зинаи 13-ум, Олмон – 16-ум, Британияи Кабир – 23-юм, Франсия – 32-юм ва Русия – мақоми 56-ум ҷой гирифтаанд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон мақоми 49-ум, Қазоқистон – 54-ум, Туркманистон – 65-ум ва Қирғизистон – зинаи 85-умро ишғол кардаанд.

Кишвари бадбахттарини дунё давлати Бурунди дар Африқои Шарқӣ (зинаи охирини 157-ум) дониста шуда, ҳамчунин Сурия (зинаи 156-ум), Того (155-ум) ва Афғонистон (154-ум) дар ҷойҳои охирини рейтинг қарор гирифтаанд.

Муаллифони гузориш тақрибан миёни 3 ҳазор нафар дар ҳар як кишвар назарсанҷӣ гузаронида, аз пурсидашудагон дархост кардаанд, ки аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо ба ҳаёти худ баҳогузорӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола санаи 20 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии хушбахтӣ (International Day of Happiness) ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн 12 июли соли 2012 аз ҷониби Маҷмаъи Умумии СММ эълон шудааст.

Моҳияти ҷашн дар он ифода меёбад, ки майлу хоҳиш ба некӯаҳволии хубтар барои ҳамаи сокинони сайёра умумӣ аст. Ташаббускори ҷорӣ шудани ин рӯз давлати Шоҳигарии Бутан мебошад. Ин пешниҳод бидуни овоздиҳӣ аз ҷониби 193 кишвари узви СММ дастгирӣ ёфта буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.