Узри ВКД аз Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нуробод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба хатои роҳёфта дар хабари сомонаи вазорат дар маълумот оид ба боздошти гумонбар ба азхудкунии маблағи нафақахӯрон расман узр мепурсад. Дар хабари дар ин робита интишоршудаи ВКД гуфта мешавад, Вазорати корҳои корҳои дохилӣ вобаста ба хабари «Азонихуд намудани маблағи нафақахӯрон иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабабҳои техникӣ иштибоҳан ба ҷои […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба хатои роҳёфта дар хабари сомонаи вазорат дар маълумот оид ба боздошти гумонбар ба азхудкунии маблағи нафақахӯрон расман узр мепурсад.

Дар хабари дар ин робита интишоршудаи ВКД гуфта мешавад, Вазорати корҳои корҳои дохилӣ вобаста ба хабари «Азонихуд намудани маблағи нафақахӯрон иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабабҳои техникӣ иштибоҳан ба ҷои нозири хазинадори №12 БДА “Амонатбонк”-и ноҳияи Нуробод, корманди Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нуробод зикр гардидааст, ки расман аз Раёсати мазкур бахшиш мепурсем.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар хабари рӯзи 16 март бо такя ба маълумоти ВКД тоҷикистон

иттилоъ дода будем

, ки кормандони милитсия рӯзи 15 март марди 41-солаи сокини ноҳияи Турсунзода, корманди дастгоҳи Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нурободро ҳамчун гумонбар дар сохтакорӣ дастгир карданд. Акнун аён гардид, ки ин шахс нозири хазинадори №12 БДА “Амонатбонк”-и ноҳияи Нуробод будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.