Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба хатои роҳёфта дар хабари сомонаи вазорат дар маълумот оид ба боздошти гумонбар ба азхудкунии маблағи нафақахӯрон расман узр мепурсад.
Дар хабари дар ин робита интишоршудаи ВКД гуфта мешавад, Вазорати корҳои корҳои дохилӣ вобаста ба хабари «Азонихуд намудани маблағи нафақахӯрон иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабабҳои техникӣ иштибоҳан ба ҷои нозири хазинадори №12 БДА “Амонатбонк”-и ноҳияи Нуробод, корманди Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нуробод зикр гардидааст, ки расман аз Раёсати мазкур бахшиш мепурсем.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки дар хабари рӯзи 16 март бо такя ба маълумоти ВКД тоҷикистон
иттилоъ дода будем
, ки кормандони милитсия рӯзи 15 март марди 41-солаи сокини ноҳияи Турсунзода, корманди дастгоҳи Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нурободро ҳамчун гумонбар дар сохтакорӣ дастгир карданд. Акнун аён гардид, ки ин шахс нозири хазинадори №12 БДА “Амонатбонк”-и ноҳияи Нуробод будааст.





