Давоми моҳҳои январ-феврали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 9,4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии беш аз 3,9 ҳазор тонна аз 29 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (36,9%), Русия (22,7%), Ҳиндустон (9,9%), Покистон (4,6%), Дания (4,5%), Озарбойҷон (4%), Франси (3,4%), Таиланд (2,8%), Туркия (2,6%), ИМА (2,3%), Нидерланд (2%) ва Ҷумҳурии Корея (1,1%) рост меояд.
Моҳҳои январ-феврали соли гузашта ба Тоҷикистон аз ҷониби 22 кишвари дунё ба маблағи умумии ҳудуди 6,2 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардида буд.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.



