Имзои як бастаи созишномаҳо миёни Тоҷикистону АМА

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб миёни Тоҷикистон ва ин кишвар як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб санадҳои зерини нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва  мубориза бо терроризм;

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон;

Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ.

Пас аз анҷоми музокирот ва имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Аморот, Ҳокими шаҳри Дубай, Вазири мудофиа Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум оид ба густариши ҳамкории шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб қабул гардид.

Ҳамчунин дар шаҳри Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳузури Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Вазири энергетикаи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳейл Муҳаммад Ал Мазруӣ ду созишнома:

 Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сарпарастии ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи умури исломӣ ва авқофи Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.