Дастури президент оид ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба осоишгоҳи «Баҳористон»

ASIA-Plus



Дар фарҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғдояти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон

шинос шуд.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, танҳо дар давоми 3 моҳи аввали соли 2016 аз ҳисоби даромади софи осоишгоҳ як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла сохтмони фаввораи замонавӣ дар саҳни ҳавлӣ, боғи паррандагони нодир бо кабк, товус, тутӣ, бедона ва шинонидани гулу буттаҳои ороишию дарахтони зебои сояафкан иҷро карда шудааст.

Зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти осоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он баҳри ҷалби ҳарчи бештари истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи мамлакат дастур дод, ки минбаъд низ корҳои ободониро вусъат бахшанд ва бо завқи баланди зебоипарастию шинонидани гулҳои зебову хушбуй, дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар ин маконро ба як мавзеи дилнишин табдил диҳанд. Инчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сифати хӯрокҳо беҳтар карда шавад. 

Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи Баҳористон соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

Дар осоишгоҳ, ки аз 6 бино иборат аст ва барои қабули 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст, 365 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои роҳбарияти осоишгоҳ дар шафати роҳравҳо 118 ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла 17 ҳазор садбарги ҳолландӣ, инчунин каштан, ел, можевелник, серенаи ҳиндӣ ва берёза шинонида шудааст. Дар давраи се моҳи аввали соли ҷорӣ аксари биноҳои таъмирталаби осоишгоҳ азнавсозӣ шудааст.

Баъди шиносоӣ Сарвари давлат ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро барои идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят кард.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ истироҳаткунандагони осоишгоҳ сӯҳбати самимӣ ороста, аз шароити табобату истироҳати онҳо пурсон шуд. Мардум ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...