Ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Душанбе

ASIA-Plus



Имрӯз ҳамоиши дурӯзаи тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон дар меҳмонхонаи «Шератон» ба итмом мерасад. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо Конфедератсияи саноатчиёни Ҳиндустон (CII) доир гардида, дар кори он беш аз 60 нафар соҳибкорони ҳарду кишвар иштирок доранд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ПСС Тоҷикистон, дар доираи ин чорабинӣ миёни дастандаркорони он ёддошти тафоҳум ба имзо расида, раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ва роҳбари ҳайти CII Киран Васант Калбаг зери ин санад имзо гузоштанд.

Қайд мешавад, ки дар ин ҳамоиш доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон фаъолияти ширкатҳои худро муаррифӣ ва байни ҳамдигар гуфтушунидҳо гузаронида, ба муколамаи кушод оид ба самтҳои ҳамкорӣ имкон пайдо карданд.

Ба иттилои манбаъ, доираҳои тиҷоратии Ҳиндустон ба маълумот доир ба заминаи қонунгузории Тоҷикистон, реҷаи раводид, имтиёзҳо дар самти дастгирии сармоягузорони хориҷӣ ва бахши хусусӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ, масоили рушди комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ, зербинои нақлиёт, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, дорусозӣ ва IT-технология таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Гуфта мешавад, бо назардошти имконоти мавҷуда, соҳибкорони тоҷик доир ба роҳандозии робитаҳои дуҷониба ва имзои ёддоштҳову созишномаҳои ҳамкорӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа дошта, баррасии масъалаҳо дар ин самт идома дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҳиндустон аз корхонаву ташкилотҳо, вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин минтақаҳои озоди ҷумҳурӣ боздид намуда, дидору гуфтушунидҳои дахлдор анҷом медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.