Боздошти 4 нафар ба гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо симоб

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи кимиёвӣ 4 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, инҳо ду нафар сокини шаҳри Ваҳдат – марди 63, дигарӣ 40-сола, инчунин марди 52-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 57-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд. Гуфта мешавад, дар […]



Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи кимиёвӣ 4 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, инҳо ду нафар сокини шаҳри Ваҳдат – марди 63, дигарӣ 40-сола, инчунин марди 52-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 57-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд.

Гуфта мешавад, дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршудагон дар маҷмӯъ 486-грамм металли симоб дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.