Сургут: Эҳтимоли ҳалокати 3 тоҷикистонӣ дар сӯхтор

Аз ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон зимни сӯхтори шаби гузашта дар шаҳри Сургути Русия эҳтимол меравад. Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Ҳавзаи Мухтори Ханти-Мансийск, дар кӯчаи Островскиий шаҳри Сургут шаби гузашта контейнерҳои боркаш, ки барои иқомату зист мувофиқ шуда буданд, оташ гирифтаанд. Бар асари он се нафар ба ҳалокат расида, шахсияти онҳо […]



Аз ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон зимни сӯхтори шаби гузашта дар шаҳри Сургути Русия эҳтимол меравад.

Тибқи

маълумоти фаврии

Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Ҳавзаи Мухтори Ханти-Мансийск, дар кӯчаи Островскиий шаҳри Сургут шаби гузашта контейнерҳои боркаш, ки барои иқомату зист мувофиқ шуда буданд, оташ гирифтаанд. Бар асари он се нафар ба ҳалокат расида, шахсияти онҳо муайян карда мешавад.

Қайд мешавад, ки ин контейнерҳо дар қаламрави бозори «Торговый ряд» ҷойгир будаанд. Айни замон бо кадом асос дар онҳо зиндагӣ кардани одамон ва ҳамчунин сабаби сар задани сӯхтор мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Гуфта мешавад, майдони сӯхтор 40 метри мураббаъро фаро гирифта, барои хомӯш кардани оташ 10 адад техника ва 36 нафар кормандони воҳидҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулода сафарбар шудаанд. Аз рӯи ин далел муфаттишогн ба санҷиш оғоз намуда, ҷасадҳои ҳалокшудагон ба таҳқиқи судиву тиббӣ фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи

маълумоти пешакии

ба ВАО-и маҳаллӣ расида, ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар сохтмонҳои шаҳр кор мекардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.