Омодагии Тоҷикистон ба 5 маротиба афзудани содироти сабзавоту мева ба Русия

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо даъвати густариши ҳамкориҳо дар самти таъминот бо сабзавоту мева ба роҳбарони як қатор минтақаҳои Русия муроҷиат кард. Дар номаи ирсолшудаи раиси ПСС ҶТ рӯйхати корхонаҳои истеҳсолкунандаи сабзавоту мева ва ташкилотҳои савдои яклухт бо ишораи суроғаҳо (реквизитҳо)-и онҳо барои роҳандозии робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидории […]



Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо даъвати густариши ҳамкориҳо дар самти таъминот бо сабзавоту мева ба роҳбарони як қатор минтақаҳои Русия муроҷиат кард.

Дар

номаи

ирсолшудаи раиси ПСС ҶТ рӯйхати корхонаҳои истеҳсолкунандаи сабзавоту мева ва ташкилотҳои савдои яклухт бо ишораи суроғаҳо (реквизитҳо)-и онҳо барои роҳандозии робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидории ду кишвар зикр шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон ба имзои қарордодҳо ҷиҳати таъминоти минтақаҳои Русия бо сабзавоту мева, маҳсулоти консервшуда, шарбатҳо, асал, зироати полезӣ ва ҳамчунин хушкмева ният дорад.

Дар номаи Шариф Саид қайд мешавад, ки муддати солҳои тӯлонист, ки миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон Русия мақоми аввалро ишғол менамояд. «Роҳандозии долони устувори интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Русия хеле муҳим аст», – чунин мешуморад ӯ.

Раиси ПСС ҶТ мутмаин аст, ки барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содироти сабзавоту мева заминаи зарурӣ муҳайё аст. «Истеҳсолкунандагони сабзавоту меваи Тоҷикистон ҳосилнокӣ ва ҳаҷми содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар зиёд карда метавонанд. Танҳо тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон 75 ҳазор гектар майдони токзори нав бунёд шуда, панҷсолаи минбаъда боз дар 20 ҳазор гектар ангурзори нав парвариш меёбад. Дар аксари боғу токзорҳои ангур навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд, ки меваашон дар хориҷи кишвар талабгорони зиёд доранд», – қайд кардааст ӯ.

Дар нома зикр мегардад, ки дар бахшҳои сабзавотпарварӣ ва сабзавоти барвақтӣ ва ҳамчунин истеҳсоли лимӯву анор, коркард ва консервкунии маҳсулоти сабзавоту мева, истеҳсоли шарбати сабзавоту мева, афшураи помидор (томат), намакхобонӣ, нӯшокиҳо, мураббо ва асал низ амалисозии тарҳҳои бузургмиқёс дар назар аст.

«Аз ҳисоби ҷалби фермерони хусусӣ Тоҷикистон танҳо ба Русия содироти сабзавоту меваро 5 маротиба зиёд карда метавонад. Аллакай ҷумҳурӣ ба Русия то 80%-и маҳсулоти кишоварзиро содирот мекунад», – таъкид доштааст Шариф Саид.

Бино ба маълумоти ПСС Тоҷикистон, дар посух ба номаи Шариф Саид аз 53 корхонаҳои машғул ба истеҳсол ва фурӯши сабзавоту мева ва ташкилотҳои савдои яклухти шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав, вилоятҳои Маскаву Пенза ва Ҷумҳурии Бошқирдистон пешниҳодҳо фиристода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.