Омодагии Тоҷикистон ба 5 маротиба афзудани содироти сабзавоту мева ба Русия

ASIA-Plus



Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо даъвати густариши ҳамкориҳо дар самти таъминот бо сабзавоту мева ба роҳбарони як қатор минтақаҳои Русия муроҷиат кард.

Дар

номаи

ирсолшудаи раиси ПСС ҶТ рӯйхати корхонаҳои истеҳсолкунандаи сабзавоту мева ва ташкилотҳои савдои яклухт бо ишораи суроғаҳо (реквизитҳо)-и онҳо барои роҳандозии робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидории ду кишвар зикр шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон ба имзои қарордодҳо ҷиҳати таъминоти минтақаҳои Русия бо сабзавоту мева, маҳсулоти консервшуда, шарбатҳо, асал, зироати полезӣ ва ҳамчунин хушкмева ният дорад.

Дар номаи Шариф Саид қайд мешавад, ки муддати солҳои тӯлонист, ки миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон Русия мақоми аввалро ишғол менамояд. «Роҳандозии долони устувори интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Русия хеле муҳим аст», – чунин мешуморад ӯ.

Раиси ПСС ҶТ мутмаин аст, ки барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содироти сабзавоту мева заминаи зарурӣ муҳайё аст. «Истеҳсолкунандагони сабзавоту меваи Тоҷикистон ҳосилнокӣ ва ҳаҷми содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар зиёд карда метавонанд. Танҳо тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон 75 ҳазор гектар майдони токзори нав бунёд шуда, панҷсолаи минбаъда боз дар 20 ҳазор гектар ангурзори нав парвариш меёбад. Дар аксари боғу токзорҳои ангур навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд, ки меваашон дар хориҷи кишвар талабгорони зиёд доранд», – қайд кардааст ӯ.

Дар нома зикр мегардад, ки дар бахшҳои сабзавотпарварӣ ва сабзавоти барвақтӣ ва ҳамчунин истеҳсоли лимӯву анор, коркард ва консервкунии маҳсулоти сабзавоту мева, истеҳсоли шарбати сабзавоту мева, афшураи помидор (томат), намакхобонӣ, нӯшокиҳо, мураббо ва асал низ амалисозии тарҳҳои бузургмиқёс дар назар аст.

«Аз ҳисоби ҷалби фермерони хусусӣ Тоҷикистон танҳо ба Русия содироти сабзавоту меваро 5 маротиба зиёд карда метавонад. Аллакай ҷумҳурӣ ба Русия то 80%-и маҳсулоти кишоварзиро содирот мекунад», – таъкид доштааст Шариф Саид.

Бино ба маълумоти ПСС Тоҷикистон, дар посух ба номаи Шариф Саид аз 53 корхонаҳои машғул ба истеҳсол ва фурӯши сабзавоту мева ва ташкилотҳои савдои яклухти шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав, вилоятҳои Маскаву Пенза ва Ҷумҳурии Бошқирдистон пешниҳодҳо фиристода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.