Бо фармонҳои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз 29 март сафирони нави ин кишвар дар Бразилия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Финландия таъин карда шуданд.
Бино ба
иттилои
хадамоти матбуоти президенти ин кишвар, Саржанов Кайрат – сафир дар Бразилия, Утембоев Эрик – сафир дар Ӯзбекистон (собиқ сафир дар Полша), Уразаев Тимур – сафир дар Арманистон ва Нуртлеуов Мурат – сафир дар Финландия таъин шудаанд.
Гуфта мешавад, Нурлан Сейтимов сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. То ин замон вазифаи сафирии ин кишвар дар Тоҷикистонро Смагулов Агибай Динкенович ба уҳда дошт.



