Фавтидагон дар сӯхтори бозори Сургут сокинони Суғд будаанд

Дар ҳодисаи сӯхторе, ки рӯзи 29 март дар кӯчаи Островскии шаҳри Сургути Русия рух дод, се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – зодагони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд. Котиби матбуотии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасадҳои Ҷамшед Муродови 22-сола, Шаҳзод Собирови 18-сола ва Наимҷон Самитови […]



Дар ҳодисаи сӯхторе, ки рӯзи 29 март дар кӯчаи Островскии шаҳри Сургути Русия рух дод, се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – зодагони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.

Котиби матбуотии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасадҳои Ҷамшед Муродови 22-сола, Шаҳзод Собирови 18-сола ва Наимҷон Самитови 21-сола имрӯз, 30 март ба ватан фиристода мешаванд. Фавтидагон дар яке аз сохтмонҳои шаҳр машғули кор будаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи 

маълумоти фаврии

 Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Ҳавзаи Мухтори Ханти-Мансийск, дар кӯчаи Островскиий шаҳри Сургут шаби 29 март контейнерҳои боркаш, ки барои иқомату зист мувофиқ шуда буданд,

оташ гирифта

,  бар асари он се нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.