Шикасти навбатии мунтахаби футболи Тоҷикистон

Дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ аз дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, меҳмонон дар дақиқаи 18-уми бозӣ тӯбро ба ҳадаф расонида, аз кӯшишҳои футболбозони тоҷик баҳри мусовӣ кардани ҳисоб ё ғалаба дар идомаи ин […]



Дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ аз дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд.

Бино ба

иттилои

Федератсияи футболи Тоҷикистон, меҳмонон дар дақиқаи 18-уми бозӣ тӯбро ба ҳадаф расонида, аз кӯшишҳои футболбозони тоҷик баҳри мусовӣ кардани ҳисоб ё ғалаба дар идомаи ин вохӯрӣ ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» дастаи Австралия дар майдони худ бар дастаи Урдун бо ҳисоби 5 бар 1 дастболо шуда, бо 21 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор гирифт. Мақоми дуюмро дар ин гурӯҳ – Урдун бо 16 имтиёз, зинаи сеюмро – Қирғизистон бо 14 имтиёз, ҷойи чорумро – Тоҷикистон бо 5 имтиёз ва зинаи охирро – Бангладеш бо 1 имтиёз ишғол карданд.

Қобили зикр аст, ки акнун Тоҷикистон дигар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 маҳрум шуда, барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рақобат мекунад. Бозиҳои футболбозони тоҷик дар ин давр рӯзҳои 2 ва 7 июн баргузор мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.