Пешгӯии ба давлати ҷиҳодӣ табдил ёфтани Тоҷикистон

Коршиносони Клуби байнулмилалии мубоҳисавии «Валдай» таҳдиду хатарҳои асосиеро, ки Русия аллакай метавонад соли 2016 ба онҳо дучор гардад, муайян карданд. Таҳдиди асосии стратегӣ ба Русия сиёсати ИМА баҳри заъиф сохтани он ва дар кишварҳои ҳамсоя таъсис додани давлатҳои амрикогаро унвон мешавад. Миёни дигар хатарҳо – «фурӯравии яке аз кишварҳои заъиф ва камбизоати минтақаи Осиёи Марказӣ […]

ASIA-Plus



Коршиносони Клуби байнулмилалии мубоҳисавии «Валдай» таҳдиду хатарҳои асосиеро, ки Русия аллакай метавонад соли 2016 ба онҳо дучор гардад, муайян карданд.

Таҳдиди асосии стратегӣ ба Русия сиёсати ИМА баҳри заъиф сохтани он ва дар кишварҳои ҳамсоя таъсис додани давлатҳои амрикогаро унвон мешавад.

Миёни дигар хатарҳо – «фурӯравии яке аз кишварҳои заъиф ва камбизоати минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба ҷойи он пайдо шудани қаламрави идоранашаванда зикр мегардад, ки дар он гурӯҳҳои мусаллаҳ бо шариати худ ҳукмронӣ мекунанд», – қайд мешавад дар ин гузориши коршиносон таҳти унвони «Таҳдидҳои байнулмилалӣ-2016», ки рӯзи 29 март дар шаҳри Маскав муаррифӣ шуд.

Дар гузориш бахусус ба хатари имконпазири рушди тамоилҳои манфӣ дар Тоҷикистон ишора шуда, зикр мегардад, ки дар он ҳукуматдорон нерӯи асосии мухолиф – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ мешуморанд.

«Дар партави поинравии рушди бахши сохтмон дар Русия, соли равон вазъ бештар дар Тоҷикистон мушкилтар мешавад, ки дар он ҳукумат бозиро шадид намуда, роҳи манъи мухолифони мунтазами исломиро пеш гирифтааст. Ин иқдом ба сифати риоя нашудани нигаҳдории вазъи мавҷуда (статус-кво), қоидаҳои заминавии сулҳу субот, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 хотима бахшид, баррасӣ мешавад. Он замон ба ҳаёти сиёсӣ роҳ додани исломгароён ҳамчун шарти муҳимтарини қатъи муқовимат баррасӣ мешуд. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ба муқовимат бо Ҳизби исломӣ тақвият мебахшанд, ки он ба пайдоиши таҳдиди иттиҳоди он бо гурӯҳҳои бештар тундгаро боис мегардад. Эҳтимоли дубора сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ногузир Русияро ба дахолат маҷбур месозад», – изҳор доштаанд коршиносони «Валдай».

Онҳо бар ин назаранд, ки амалишавии сенарияи пайдоиши давлати ҷиҳодӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро метавон ба воситаи иқтисоди Русия пешгирӣ намуд. «Дар инқилоб ва ҷангҳои шаҳрвандӣ ҷараёни инкишофи муайяни демографӣ вуҷуд дорад ва то он замоне, ки ҷавонмардон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Русия кор кардаву маблағ ба даст оварда метавонанд, ба гумон аст, ки таҳти шиори ҷиҳод ҳокимиятҳо дар сарзамини худро сарнагун созанд», – мегӯянд муаллифони гузориш.

Тафсилоти бештар доир ба

мулоҳизаҳои

коршиносони клуби «Валдай» дар ин хусусро аз сомонаи РБК метавон дарёт намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.