22 зарби корд ба қаровули яке аз корхонаҳои Ҳисор

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба гумони даст доштан дар куштор бо бераҳмии махсус рӯзи 31 март сокини 26-солаи ноҳияи Ҳисорро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда, шаби 27 ба 28 март, тахминан соати 01:00 дақиқа бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ, ба назди қаровули 62-солаи корхонаи коркарди чӯбу тахтаи ҶДММ […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба гумони даст доштан дар куштор бо бераҳмии махсус рӯзи 31 март сокини 26-солаи ноҳияи Ҳисорро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда, шаби 27 ба 28 март, тахминан соати 01:00 дақиқа бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ, ба назди қаровули 62-солаи корхонаи коркарди чӯбу тахтаи ҶДММ “Ар-ар”, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор омада, бо корди худсози дар дасташ буда 22 маротиба ба узвҳои бадани ҷабрдида мезанад ва бо як бераҳмии махсус ӯро ба қатл мерасонад.

«Сипас қотил сандуқи оҳанини қаровулхонаро кофтуков карда, маблағи пулӣ меҷӯяд, аммо пул наёфта, аз амборхонаи корхонаи мазкур  як бастаи арраи оҳанбуриро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст», – омадааст дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, ҳамин рӯз кормандони милитсия ҳамчунин боз як гумонбар ба куштори аммаи худ – марди сокини 41-солаи шаҳри Конибодомро боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи рухдода аммаи 62-солаашро мавриди лату кӯб қарор дода, бӯғӣ кардааст, ки дар натиҷа зани солхӯрда бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  рӯзи дигар (28 март) дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самтҳо идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.