Санаи 3 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Аксияи умумиҷумҳуриявии «Як рӯзи тамошои осорхонаҳо» ба таври ройгон доир мегардад.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ, иқдоми мазкур бо мақсади рушди туризми дохилӣ аз ҷониби Кумитаи мазкур дар ҳамдастӣ бо
Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва Осорхонаи миллӣ дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон гузаронида мешавад.
«Ин иқдом танҳо дар Осорхонаи миллӣ барои доираи ҷавонони маъюб, ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва ҷавонону наврасони фаъолу ташаббускор ба таври ройгон пешбинӣ шуда, тариқи рӯйхати алоҳида сурат мегирад», – қайд мешавад дар маълумоти Кумита.


