Давраи омӯзишии сафорати ИМА барои кормандони КҲФ

Date:



Бист нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии «Амали гурӯҳи фаврии аксуламал бо истифодаи моддаҳои кимёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ»-ро, ки аз ҷониби Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм (Барномаи АТА) маблағгузорӣ мегардад, бомуваффақият хатм намуданд.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, курси омӯзишии номбурда барои беҳтар намудани имкониятҳои гурӯҳи фаврии аксуламал ҳангоми истифодаи моддаҳои кимёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ равона шудааст.

Ин курси омӯзишӣ яке аз аввалин силсилаи омӯзишҳои Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2016 ба нақша гирифта шудаанд. Омӯзиши мазкур аз ҷониби Дафтари Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА гузаронида мешавад.

Фаъолияти Барномаи мазкур бо усули “омода намудани мутахассисон” ба роҳ монда шудааст. Он теъдоди иштирокчиёнро аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки метавонанд дар раванди омӯзишҳо малакаи лозимаро сайқал диҳанд, бештар менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Барномаи мазкур аз ҷониби Сафорати ИМА маблағгузорӣ мегардад.

Дафтари Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Он дар баргузор намудани барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки алайҳи терроризм фаъолона мубориза мебаранд, механизми калидии Ҳукумати ИМА ба ҳисоб меравад.

Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳо ҷиҳати таъмини амният, дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...