Мизи гирд бо иштироки тоҷирони Тоҷикистону Олмон

Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт бо иштироки тоҷирони Тоҷикистону Олмон дар мавзӯи «Ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, бозорёбӣ (маркетингӣ) ва сармоягузорӣ» мизи гирд баргузор шуд. Бино ба маълумоти созмондиҳандагони мизи гирд, ин чорабинӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои кории мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, аз ҷумла ҷалби […]

ASIA-Plus



Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт бо иштироки тоҷирони Тоҷикистону Олмон дар мавзӯи «Ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, бозорёбӣ (маркетингӣ) ва сармоягузорӣ» мизи гирд баргузор шуд.

Бино ба маълумоти созмондиҳандагони мизи гирд, ин чорабинӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои кории мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, аз ҷумла ҷалби сармоя, дарёфти шарикони нав ва ғайра барпо шуда, дар кори он ҳудуди 20 нафар соҳибкорони олмонӣ ва беш аз 40 нафар соҳибкорони тоҷик ширкат варзиданд.

Зимни кори мизи гирд қайд шуд, ки сол то сол ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар самти сармоягузорӣ густариш ёфта, тайи 9 соли ахир аз Олмон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 166,7 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ сурат гирифтааст, ки 6,7 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим ва боқимонда 160 млн. доллари ИМА қарзҳои гирифтаи ташкилоту корхонаҳои Тоҷикистон аз Олмон аст.

Дар кори мизи гирд зикр гардид, ки ҳиссаи асосии сармоягузорӣ аз Олмон ба бахши хизматгузории молиявӣ рост меояд, яъне ин воситаҳо асосан аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дастрас шудаанд.

Дар Рӯйхати ягонаи давлатии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ ба ҳолати ахири соли гузашта 29 корхона бо сармояи Олмон сабт шудаанд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин чорабинӣ таъкид шуд, ки давоми 10 соли ахир аз ҳисоби кумаки давлатии Олмон дар Тоҷикистон ба маблағи 65,3 млн. доллари ИМА 7 лоиҳаи сармоягузорӣ ва ҳамчунин 178 лоиҳаи кумаки беруна ба маблағи 152,3 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Олмон 45,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2014 ба миқдори 18% бештар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.