Музокироти парлумонӣ оид ба рафти маблағгузории давлатӣ ба бахши аграрӣ

Имрӯз таҳти раёсати муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ доир ба баррасии масъалаи маблағгузории давлатӣ ба ислоҳоти бахши аграрӣ дар давраи солҳои 2012-2020 музокироти  парлумонӣ доир гардид. А.Азизӣ қайд кард, ки барои амалисозии барномаҳои бахши аграрии кишвар соли 2016 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо кардани 18,7 млн. сомонӣ ва ҷиҳати харидории техникаи […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ доир ба баррасии масъалаи маблағгузории давлатӣ ба ислоҳоти бахши аграрӣ дар давраи солҳои 2012-2020 музокироти  парлумонӣ доир гардид.

А.Азизӣ қайд кард, ки барои амалисозии барномаҳои бахши аграрии кишвар соли 2016 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо кардани 18,7 млн. сомонӣ ва ҷиҳати харидории техникаи кишоварзӣ тариқи лизинг – 15 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ дар музокирот вакили парлумон Рустам Латифзода изҳор намуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ бо дастгирии ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ба маблағи умумии 209,9 млн. доллари ИМА 9 лоиҳа дар бахши аграрӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Қайд шуд, ки дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок яке аз мушкилоти асосии имрӯзаи бахши аграрии кишвар маҳсуб ёфта, соли гузашта аз ҳаҷми умумии қарзҳои ҷудошуда дар кишвар ҳамагӣ 8,2% ба соҳаи аграрӣ ва беш аз 94,5%-и маблағгузорӣ ба ҳиссаи худи намояндагони ин бахш рост меояд.

Дар музокирот баҳри беҳбуди низоми маблағгузорӣ ба соҳаи аграрӣ, зарурати қабули тағйироту тасҳеҳҳо ба санадҳои дахлдори қоунгузории кишвар ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами ин соҳа дар дигар кишварҳо пешниҳодҳои мушаххас садо доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.