Раиси нави Хуҷанд ба иҷрои вазифа шурӯъ кард

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 март бо иштироки фаъолон ҷаласа доир гардида, дар он и.в. раиси нави шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз муаррифӣ шуд. Қобили зикр аст, ки санаи  30 март бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод […]

ASIA-Plus



Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 март бо иштироки фаъолон ҷаласа доир гардида, дар он и.в. раиси нави шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз муаррифӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки санаи  30 март бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод гардида, ба ҷои ӯ Шарифзода Шариф Файз и.в раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳр бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа баргузор гардида, зимни муаррифӣ А.Қодирӣ барои фаъолияти пурсамар ба собиқ шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуд ва ба Шарифзода Шариф Файз дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Гуфта мешавад, дар суҳбат бо фаъолон ва роҳбарияти шаҳр раиси вилоят барои вусъати корҳои бунёдкорӣ, омодагиҳо ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи андоз, беҳтар намудани сифати оби нӯшокӣ ва дигар масоили мубрам дастуру супоришҳо дод.

Шарифзода Шариф Файз зодаи шаҳри Хуҷанд буда, 29 апрели соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1977 ба Институти политехникии Тоҷикистон, факултаи сохтмони саноатӣ ва гражданӣ дохил шуда, соли 1982 онро бо ихтисоси муҳандис- сохтмончӣ хатм намудааст. Мавсуф дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ҷонишини раиси шаҳри Хуҷанд (солҳои 1997-1999), раиси шаҳри Роғун (аз соли 2012 то 2016) фаъолият кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.