Вакили навбатӣ аз Маҷлиси пойтахт хориҷ мешавад

Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14 Латофат Назирова дар иҷлосияи ояндаи Маҷлиси пойтахт, ки ба санаи 14 апрел таъин шудааст, аз ваколатҳояш маҳрум мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шахрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Латофат Назирова муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст. […]

Аваз Юлдошев



Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14 Латофат Назирова дар иҷлосияи ояндаи Маҷлиси пойтахт, ки ба санаи 14 апрел таъин шудааст, аз ваколатҳояш маҳрум мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шахрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Латофат Назирова муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, замони дар вазифаи мазкур қарор доштан, ӯ дигар ба интихоб шудан ба ҳайси вакил дар ҳама гуна сатҳ ҳуқуқ надорад.

Дар робита ба аз ваколатҳояш маҳрум шудани Л.Назирова, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ҳайати комиссияи интихоботӣ оид ба баргузор намудани интихобот дар ҳавзаи зикршударо таъсис медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.