Шӯрои Директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)
маблағгузориро дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи бақайдгирии амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, лоиҳаи мазкур ҷорӣ намудани низоми ягонаи бақайдгирии амволи ғайриманқулро ҷиҳати беҳсозии кафолати ҳуқуқҳои заминдорӣ ва мусоидат ба рушди бозори амвол дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.
«Дар давоми зиёда аз даҳ сол Бонки ҷаҳонӣ ислоҳоти заминро дар Тоҷикистон тавассути пешниҳоди шаҳодатномаҳои истифодабарии замин барои хоҷагиҳои хонагӣ дастгирӣ намуда истодааст, – қайд намудааст Патрисия Виверз-Картер, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – Фаъолияти самараноки бозорҳо барои рушди бахши хусусӣ муҳим аст, зеро заминро метавон ҳамчун гарав истифода бурд ё савдо намуд, ки ба хоҷагиҳои хонагӣ ва соҳибкорон дастрасии бештарро ба маблағгузорӣ, аз ҷумла ба сармоягузории маҳсулнок таъмин мекунад. Лоиҳаи нав низоми боэътимод, шаффоф ва самараноки бақайдгирии заминро барпо намуда, барои
ҳифзи ҳуқуқҳои амвол мусоидат мекунад, ки худ иқдоми муҳим дар самти рушди бозори замонавии амвол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад».
Гуфта мешавад, дар доираи Лоиҳаи бақайдгирии амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон бахшҳои зерин маблағгузорӣ мегарданд: a) рушди низоми бақайдгирии амволи ғайриманқул дар саросари кишвар бо истифодаи расмиёти самаранок, низом ва захираҳои инсонӣ; б) таҳияи қарор ҷиҳати ташкилдиҳӣ ва ба шакли рақамӣ даровардани ҳуҷҷату маълумоти дар низоми давлатӣ дастрасбуда; в) ташкили системаҳо барои идоракунии маълумот ва бақайдгирии электронӣ ва г) таҳия намудани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба низоми бақайдгирӣ.
Дар назар аст, ки амалисозии лоиҳа моҳи июни соли равон оғоз гардида, моҳи октябри соли 2010 ба итмом мерасад.
Корхонаи воҳиди давлатии Бақайдгирии амволи ғайриманқул лоиҳаро дар ҳамкории зич бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон амалӣ месозад.



