Баҳри таҳкими бозори амволи Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ 10 млн. $ ҷудо мекунад

Шӯрои  Директорони  иҷроияи  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  маблағгузориро дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи бақайдгирии амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон ба тасвиб расонид.  Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, лоиҳаи  мазкур ҷорӣ намудани низоми ягонаи бақайдгирии  амволи  ғайриманқулро ҷиҳати беҳсозии кафолати ҳуқуқҳои заминдорӣ ва мусоидат ба рушди бозори амвол […]

ASIA-Plus



Шӯрои  Директорони  иҷроияи  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ) 


маблағгузориро дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи бақайдгирии амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон ба тасвиб расонид. 

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, лоиҳаи  мазкур ҷорӣ намудани низоми ягонаи бақайдгирии  амволи  ғайриманқулро ҷиҳати беҳсозии кафолати ҳуқуқҳои заминдорӣ ва мусоидат ба рушди бозори амвол дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

«Дар  давоми  зиёда  аз  даҳ  сол  Бонки  ҷаҳонӣ  ислоҳоти  заминро  дар  Тоҷикистон  тавассути пешниҳоди шаҳодатномаҳои истифодабарии замин барои хоҷагиҳои хонагӣ  дастгирӣ намуда истодааст, – қайд  намудааст  Патрисия  Виверз-Картер,  Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар Тоҷикистон – Фаъолияти самараноки бозорҳо барои рушди бахши хусусӣ муҳим аст, зеро заминро метавон  ҳамчун  гарав  истифода  бурд  ё  савдо  намуд,  ки  ба  хоҷагиҳои  хонагӣ  ва соҳибкорон дастрасии  бештарро  ба  маблағгузорӣ,  аз  ҷумла  ба  сармоягузории  маҳсулнок  таъмин  мекунад. Лоиҳаи  нав низоми боэътимод, шаффоф ва самараноки бақайдгирии заминро барпо  намуда, барои

ҳифзи ҳуқуқҳои амвол мусоидат  мекунад, ки худ иқдоми  муҳим дар самти  рушди бозори замонавии амвол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад».

Гуфта мешавад, дар доираи  Лоиҳаи бақайдгирии  амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон  бахшҳои зерин маблағгузорӣ мегарданд:  a) рушди  низоми  бақайдгирии  амволи  ғайриманқул  дар  саросари  кишвар  бо  истифодаи расмиёти  самаранок,  низом  ва  захираҳои  инсонӣ;  б) таҳияи  қарор  ҷиҳати  ташкилдиҳӣ  ва  ба  шакли рақамӣ  даровардани  ҳуҷҷату  маълумоти  дар  низоми  давлатӣ  дастрасбуда;  в) ташкили  системаҳо барои  идоракунии  маълумот  ва  бақайдгирии  электронӣ  ва  г) таҳия  намудани  заминаи  меъёрию ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба низоми бақайдгирӣ.

Дар назар аст, ки амалисозии лоиҳа моҳи июни соли равон оғоз гардида, моҳи октябри соли 2010 ба итмом мерасад.

Корхонаи воҳиди давлатии Бақайдгирии амволи ғайриманқул лоиҳаро дар ҳамкории зич бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон амалӣ месозад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.